Баргузории иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия 30 масъалаи дар рӯзнома пешбинишударо баррасӣ намуданд.

Тибқи рӯзномаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ бо хулоса аз гузоришҳои раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Дилшод, Гулзода Маҳмадшоҳ, Раҳимӣ Фарҳод ва Ҷумъазода Шарифҷон як қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди муҳокимаи амиқ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Инчунин, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ масъалаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Оид ба  ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)», ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардиданд, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфтанд.

Тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазирзода Гулнора Насрин, Қуватзода Турон Давлат ва Ҷуразода Насиба Ёрмад аз вазифа бозхонд карда шуда, ба муҳлатҳои нав судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз судяҳои навинтихобшуда даъват ба амал оварданд, ки баробари шарафёб гардидан ба боварии Сарвари давлат баҳри таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд содиқона хизмат намоянд.

Ҳамчунин, дар иҷлосия машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Сипас, бо тартиби муқарраргардида қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020» ва «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи шаҳодатнома ва нишони сарисинагии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тавсифи онҳо» қабул карда шуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маърӯзаи худ дар назди кумитаҳо, комиссия ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ вазифагузорӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки бинобар пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, таъсир ва оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баръало мушоҳида мегардад. Дар натиҷаи тадбирҳои сари вақт андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи эпидемиологӣ ва табобати беморон тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Аз ин рӯ дастур дода шуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар бахшҳои беҳдоштӣ, сироятшиносию вирусологии он такмил дода шаванд.

Барои рушди устувору бемайлони иқтисодиёти кишвар зарурати таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо дар самти афзоиши сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, фаъолияти зиддиинҳисорӣ, иқтисодиёти рақамӣ, истифодаи оқилонаи замин ва канданиҳои фоиданок таъкид карда шуд.

Таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллӣ ба масъалаи такмил додани фаъолияти қонунгузорӣ ба хотири баланд бардоштани сифати қонунҳо ва ба манфиати халқ хизмат намудани онҳо, инчунин таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ равона гардида, дастур дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳ масъалаи таҳияи Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, дар назди Маҷлиси миллӣ таъсис додани Шӯрои машваратии коршиносон, таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Маҷлиси миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.

Дар фарҷом, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аъзои Маҷлиси миллиро ба вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба истифода додани иншоотҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карда, ҳамзамон кулли сокинони кишвар, инчунин ҳамватанони бурунмарзиро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуданд.

Бо ҳамин, иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро анҷом дод.

ШАРИКОН: