Баргузории Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум

25 декабри соли 2019 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба баррасии 34 масъалаҳои дар он шомилгардида, шуруъ намуданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ зимни баррасии масъалаҳои рӯзнома, бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи муовини раиси Кумитаи Маҷ­ли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба таъми­ни асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният Қаноатшо Лоиқзода ва раисони кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Зафар Файзуллозода, Муҳаммадюсуф Имомзода ва Раҳмоналӣ Амирзода пешниҳодгардида, 5 қонуни мукаммал: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ва «Дар бораи хазинадорӣ»-ро бо мавриди баррасии амиқ қарор додан, ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар иҷлосия тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда аз ҷониби субъектҳои  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди ҷонибдорӣ қарор гирифтанд.

Дар асоси пешниҳодоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода А.С.» ва «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Мурғоб — маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» қабул карда шуданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ дар идома ба раисони куми­таҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳамаи онҳое, ки соли равон дар омодагию баргузории иҷлосияҳо ҳамкории муфид доштанд, миннатдории амиқи Роҳбарияти Маҷлиси миллиро иброз намуда,  зикр сохт, ки  дар соли сипаришаванда маҷмӯан 87 қонун, аз ҷумла 12 қонунҳои мукаммал, 74 қонун оид ба такмили қонунҳои амалкунанда ва 1 қонун дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории собиқ РСС Тоҷикистон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ шуда, бинобар дастгирӣ наёфтан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» барои такроран баррасӣ намудан ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда шуд, ки он баъд аз такмил имрӯз ҷонибдорӣ ёфт.

Инчунин гуфта шуд, ки дар 4 иҷлосияи соли равон 20 пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба интихоб ва бозхонд намудани судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва  Суди Олии иқтисодӣ ва 2 пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки дар соли сипаришаванда 11 қонун дар ҳамкорӣ бо дигар субектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид, ки нисбат ба  соли гузашта 4 адад зиёд мебошад ва аз ҷониби Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 лоиҳаи қонунҳои намунавӣ ворид шуда, пас аз баррасӣ дар кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ таклифу пешниҳодҳо ба котиботи ассамблеяҳои зикршуда ирсол гардиданд.

Боиси қаноматмандист, ки аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намояндаи Парламенти Тоҷикистон аъзои комиссияҳои доимии Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳои парламентии байналмилалию байниминтақавӣ буда, чанде аз онҳо дар мақомоти роҳбарикунандаи Комиссияҳо фаъолияти судманд анҷом медиҳанд.

Дар ин замина, роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, раисони Кумитаву Комиссия, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти робитаҳои байнипарламентӣ тавассути тақвияти фаъолияти Гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва ширкати фаъолона дар форуму семинарҳо, конференсияву симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ширкат варзида, Ватани маҳбубамонро ҳамчун кишвари соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва арҷгузор ба арзишҳои умумибашарию узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда истодаанд.

Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои судманд дар ин ҷода соли равон бо Палатаи мушовирони (палатаи болоӣ) Парламенти Япония Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллӣ таъсис дода шуд.

Раиси Маҷлиси миллӣ тазаккур дод, ки дар соли равон бо иштироки аъзои Маҷлиси миллӣ ва намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдори кишвар муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ: вазъи кунунӣ, мушкилот ва дурнамои он дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» доир гардида, ҳамзамон бо мақсади натиҷагирӣ аз ҷараёни татбиқи қарор ва тавсияҳои муҳокимаҳои парламентӣ дар мавзӯъҳои «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Асосҳои ҳуқуқию ташкилии номгузорию номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи Нақшаи Маҷлиси миллӣ мутаносибан 28 июн ва 30 сентябр ҷаласаи кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ баргузор ва  оид ба онҳо қарорҳои дахлдор бо тавсияҳои ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ қабул карда шуданд, ки баҳри такмили қонунгузорӣ дар самтҳои мухталиф нигаронида шудаанд.

Илова бар он, мутобиқ ба иҷрои супориши протоколии ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум аз 10 июли соли 2019, №23 ҷиҳати муайян намудани шумораи маркази маъмурии ноҳияҳои кишвар, ки то ҳол мақоми деҳаро дороянд, Мачлиси миллӣ таҳлилҳои амиқро ба сомон расонида, бо инобати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина баҳри пай дар пай амалисозии фаъолияти судманд оид ба категорияи шаҳрак мутобиқ ва мансуб донистани марказҳои маъмурии 15 ноҳияҳои кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби дахлдор ирсол ва омодагии комилро баҳри ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуд.

Таъкид гардид, ки дар асоси ин пажӯҳишҳо ҳамин сол ба марказҳои маъмурии ноҳияи Ховалинг — деҳаи Ховалинг ва ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахшон — деҳаи Мурғоб бо қарорҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ мақоми шаҳрак дода шуданд.

Дар фарҷом, Раиси Маҷлиси миллӣ, изҳори итминон намуд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бо дарки баланди масъулияти хизматӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар Соли нави 2020, қабл аз ҳама дар татбиқи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фардо дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамоянд, баҳри боз ҳам таҳким бахшидан ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  нақши муассир хоҳанд гузошт.

Бо ҳамин, иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пушида эълон карда шуд.

ШАРИКОН: