Баргузории иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум

19 марти соли 2020 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба баррасии 28 масъалаҳои шомилгардида шуруъ намуданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисони кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, Файзуллозода Зафар, Раҳимӣ Фарҳод, Амирзода Раҳмоналӣ ва Имомзода Муҳаммадюсуф пешниҳодгардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»-ро, ки  аз ҷониби субъекти  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, бо мавриди баррасии амиқ қарор додан, ҷонибдорӣ карда, дар асоси пешниҳодоти Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдорро «Оид ба тағйир додани сарҳадҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ», «Оид ба тағйир додани сарҳадҳои шаҳраки Балх, деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ба ҷойи дигар кӯчонидани маркази маъмурии деҳоти Ҳалевард» ва «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул карданд.

Сипас, аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи рӯзнома ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 шуниданд.

Зимни баррасии масъалаи мазкур, ки хело доманфароху касбӣ баррасӣ гардид, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳтобшозода Арамбегим, Иноятзода Баҳром, Аминҷонова Саодат, Шоҳиён Нуралӣ, Раҷабзода Миралӣ ва Ҳомидзода Абдураҳмон бо суолҳои масоили мубрами ҷомеа ва раисони кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, Раҳимӣ Фарҳод, Имомзода Муҳаммадюсуф, Амирзода Раҳмоналӣ ва Файзуллозода Зафар дар музокираҳо андешаю пешниҳодҳояшонро иброз доштанд.

Бо ба инобат гирифтани ҳисоботи Прокурори генералӣ аъзои Маҷлиси миллӣ баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар назорати прокурориро оиди ташаккули низоми нави муқовимат бар қонуншиканиву ҳуқуқвайронкунӣ, хусусан ҷиҳати пешгирии коррупсия, бемориҳои сироятӣ, сари вақт пардохт гардидани маоши музди меҳнат, вазъи заминистифодабарӣ дар кишвар, ҷинояткорӣ, пеш аз ҳама, куштор, терроризм, экстремизм, савдои одамон, ва муомилоти воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои муташаккилона ва трансмиллӣ махсус таъкид намуданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев вобаста ба вазъи имрӯзаи кишвар ва талаботи рӯзафзуни мардум таваҷҷуҳи Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро барои тақвияти фаъолият дар самтҳои гуногуни иҷрои вазифаҳои хизматӣ амиқан нигаронида, аз ҷумла таъкид сохт, ки бояд эътибори аввалиндараҷаро ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ҳамчун кафили таъмини риоя ва эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд равона карда, бо ин мақсад тибқи нақшаҳои тасдиқгардида, бо ҷалби мақомоти Прокуратураи генералӣ ҳарчи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2025 қабул карда шавад.

Ҳамзамон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки тибқи иттилооти воситаҳои ахбори омма ҷаҳон дар остонаи буҳрони нави иқтисодиву молиявӣ қарор дошта, дар ин росто, Прокурори генералӣ бояд тамоми имконият ва фишангу нерӯи назорати прокурориро баҳри ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, пешгирии афзоиши шумораи бекорону қарзи музди меҳнат, ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии онҳо равона созад.

Дар робита ба назорати риоя ва иҷрои ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони мораторий ба ҳамаи намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ то 1 январи соли 2021 ва солҳои 2019-2021 эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бевосита ба фаъолияти соҳибкорӣ дахл доранд, Прокурори генералӣ бояд чораҳои иловагиро, аз ҷумла баррасии масъалаи таъсиси гурӯҳи махсусро роҳандозӣ намояд ва ба ин васила ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа саҳми назаррас гузорад.

Гуфта шуд, ки имрӯз як вируси тоҷшакл (короновирус) аз таъиноти биологӣ ё худ генетикӣ ба проблемаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ мубаддал гашта, ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Мутаассифона, айни ҳол сатҳи маърифат, фарҳанги ҳуқуқӣ боиси нигаронӣ буда, то ҳол бозори дохилӣ аз молу маҳсулот ва дорувории бесифату контрафактсионӣ озод нашудааст.

Бинобар ин, афзуд Маҳмадсаид Убайдуллоев, яке аз вазифаҳои мо ва мақомоти Прокуратура қатъиян дигаргун намудани муносибат ба риоя ва иҷрои санадҳои ҳуқуқие, ки амнияти маънавӣ, фарҳангӣ, озуқаворӣ, санитариву эпидимологиро ба танзим медароранд, иборат мебошад.

Гузашта аз ин, даъват ба миён оварда шуд, ки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо бояд тавассути тадбирҳои мунтазам ва мақсаднок сурат гирад. Аз ин лиҳоз, изҳор намуд, ки зарур аст, ҳуҷҷати барномавии мақсадноки маҷмаавӣ – Стратегияи давлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо на кам барои 10 сол тасдиқ карда шавад.

Идома бар он, бо нигаронӣ аз вазъи заминистифодабарӣ дар кишвар ва бар асари номувофиқатии таъиноти истифодабарии замин, ки дар асоси қарорҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста гардида, баъд аз шуруъ ва анҷоми сохтмонҳо эътирозҳои прокурорӣ барои беэътибор кардани қарор ба мушоҳида мерасанд, пешниҳод гардид, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва сарфаи маблағҳои онҳо ҳамкориҳои қаблии мақомоти прокуратура бо сохторҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зимни омода намудани санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба роҳ монда шавад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ёдоварӣ аз ҳамқадами замона будан зикр дошт, ки дар амалияи прокурорӣ низ бояд навгониҳои ба талаботи ҷомеа ва давлат мутобиқаткунанда ҷой дошта бошанд ва дар доираи қонун роҳандозӣ шаванд.

Аз ин лиҳоз, пешниҳод намуд, ки қонунҳои соҳавӣ ва қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти прокурорӣ ба хотири мутобиқати якдигар мавриди таҷдиди назар қарор дода шаванд.

Дар идомаи иҷлосия, аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Назарзода Ҳотам, муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Осимзода Муҳаммадиброҳим ва Ваҳобов Манон, муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Сафаралӣ ва  дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳикматуллозода Абдуғаффор муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод ва  Рофизода Мирзоамон, муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоирзода Икром қабул карданд.

Илова бар он, дар иҷлосия тибқи қарорҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ муовини якум ва муовини Раиси Маҷлиси миллӣ Аҳмадзода Раҷаббой ва Файзов Ёдгор, раисони куми­таҳо ва комиссияи дахлдори Маҷлиси миллӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, Раҳимиӣ Фарҳод, Имомзода Муҳаммадюсуф, Амирзода Раҳмоналӣ, Маҳтобшозода Арамбегим ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Бобобекова Меҳринисо, Лоиқзода Қаноатшо, Дадаҷонова Сайёҳат, Раҳмонова Наргис ва Шораҳматов Раҳмон барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо истифода аз фурсати муносиб ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва ширкаткунандагон ҷиҳати иштироки фаъолона арзи сипос намуда, ифтихормандонаю шодмонона ҳамкорон, ҳозирини баландмақом ва тамоми шаҳрвандони иззатманди кишварро бахшида ба 20-солагии санаи фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош намуда, доир ба фаъолияти он гузориши муфассал ироа доштанд, ки дар сомонаи расмии Маҷлиси миллӣ www.majmilli.tj ҷойгир карда  шудааст.

Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пушида эълон гардид.

ШАРИКОН: