ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ислоҳоти замин

(АШОҶТ, с.1992, №10, мод 139, с.1994, №№15-16, мод 252, АМОҶТ, с.1995, №22, мод 276; с. 1997, №9, мод. 117; с. 2006, №3, м. 165)

 

Фасли  1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Вазифаҳо ва мақсади ислоҳоти замин

Вазифаҳои ислоҳоти замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳайё намудани шароит барои тараққиёти баробарҳуқуқи шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин, ташаккули иқтисодиёти бисёрсоҳа, истифодаи оқилона ва ҳифзи замин иборат буда, мақсадаш зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Моддаи 11. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти замин

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти замин ба Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст. (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Моддаи 2. Мундариҷаи ислоҳоти замин

  1. Ислоҳоти замин маҷмўи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилию техникӣ мебошад, ки ба муносибатҳои сифатан нави заминистафодабарӣ гузаштанро таъмин менамояд.
  2. Дар ҷараёни гузаронидани ислоҳоти замин ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ва коллективи меҳнатӣ дар интихоби ихтиёрии шакли заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар замин таъмин мегардад.

Талаб кардани заминҳои бобоӣ ва вақф ба эътибор гирифта намешавад. (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

 

Моддаи 3. Самтҳои асосии ислоҳоти замин

Самтҳои асосии ислоҳоти замин аз инҳо иборатанд:

рўйхатгирии тамоми заминҳо аз рўи  гурўҳҳо, тарзҳои заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва намудҳои замин; (ҚҶТ 03.03.06, №175)

муайян кардани заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашаванда барои ташкили фонди махсуси замини  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади азнавтақсимкунии он баҳри самаранок истифода бурдани замин; (ҚҶТ 03.03.06, №175)

додани замин ба истифодаи якумраи меросӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва касбҳои анъанавии  мардумӣ, инчунин қитъаи замини назди ҳавлигӣ; (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 аз нав тақсимкунии замин дар ҳолатҳои таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ; (ҚҶТ 03.03.06, №175)

муқаррар ва аниқ кардани cарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мaҳалҳои аҳолинишин ва сохтори замину хоҷагидории онҳо;

ба расмият даровардан ва аз нав ба қайд гирифтан ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодабарии қитъаи  заминро муайян менамоянд. (қҷт аз 04.11.95, №134)

 

Моддаи 4. Марҳилаҳои гузаронидани ислоҳоти замин

Ислоҳоти замин марҳила ба марҳила гузаронида  мешавад.

 Дар марҳалаи аввал ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқи ихтиёрдории замин, аниқ намудани сарҳадҳои маъмурӣ, муайян намудани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба замин ташкил кардани фонди махсуси замин барои аз нав тақсим намудани он дода мешавад.

Дар марҳалаи дуюм мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодабарӣ додани заминро амалӣ менамоянд. (қҷт аз 04.11.95, №134; ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Моддаи 5. Мақомоте, ки ислоҳоти заминро амалӣ мегардонанд

 1.Гузаронидани ислоҳоти замин ба ўҳдаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад; (ҚҶТ 20.07.94, №1005), (ҚҶТ 04.11.95, №134; ҚҶТ 03.03.06, №175)

  1. Хадамоти давлатии танзими замини мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мақомоти он дар мaҳалҳо оиди таъмини ислоҳоти замин вазифаҳои зайлро анҷом медиҳанд: (ҚҶТ 20.07.94, №1005; ҚҶТ 03.03.06, №175)

бақайдгирии давлатии заминистифодабарӣ ва ба расмият даровардани ҳуқуқи истифодаи замин; (ҚҶТ 03.03.06, №175)

баҳисобгирии давлатии замин, кадастри замин ва мониторинги замин;

амалӣ гардондани корҳои танзими замин, мураттаб сохтани нақшаҳои куллӣ истифодаи замин, нақшаю лоиҳахои танзими замин, баҳодиҳии замин ва ба харита даровардани гурўҳи заминҳо; (ҚҶТ 03.03.06, №175)

назорати давлатӣ ба истифодаи замин; (ҚҶТ 03.03.06, №175)

мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ оиди масъалаҳои ислоҳоту танзими замин дар асоси маводи пешниҳодкардаи аз тарафи Хадамоти давлатии танзими замини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамоянд. (ҚҶТ 20.07.94, №1005), (ҚҶТ 04.11.95, №134; ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Моддаи 6.Таъмини молиявии ислоҳоти замин

Ислоҳоти замин аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, заминистифодабарандагон ва дигар манбаъҳо гузаронида мешавад. (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

 

 

Фасли П. БАҲИСОБГИРИИ ЗАМИН

 

Моддаи 7. Вазифаҳо ва гузаронидани баҳисобгирии замин

Баҳисобгирии замин бо мақсади аниқ кардани маълумотҳо оиди мавҷудият ва тақсимоти фонди замини Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Баҳисобгирии замин аз рўи гурўҳ, заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва намудҳои он гузаронида мешавад. (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Фасли III. ФОНДИ МАХСУСИ ЗАМИНИ МАҚОМИ ҲОКИМИЯТИ ИҶРОИЯИ МAҲАЛЛӢ (ҲУКУМАТИ НОҲИЯ)

 

Моддаи 8. Ташкили фонди махсуси замин

  1. Фонди махсуси замин аз ҳисоби заминҳои зайл ташкил карда мешавад:

заминҳое, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо мутобиқи моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад; (ҚҶТ 03.03.06, №175)

заминҳои кишоварзии аз истифода баромада ё ба қатори заминҳои қиматашон пасттар гузаронидашуда;

заминҳои эҳтиётӣ;

заминҳoи бе дарахту буттазори фонди ҷангал, ки барои истифода дар истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқанд;

заминҳое, ки ғайриоқилона истифода бурда мешаванд; (ҚҶТ 03.03.06, №175)

заминҳои дигари ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, ки пештар дар истеҳсолоти кишоварзӣ истифода нашудаанд.

  1. Заминҳои фонди махсуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар соли ҷорӣ пурра тақсим нашудаанд, ба фонди захираи давлатӣ дохил карда мешаванд. (қҷт аз 04.11.95, №134; қҷт 20.07.94, №1005; ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Моддаи 9. Таъминоти фонди махсуси замин

Фонди махсуси заминро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақсади истифодаи кишоварзӣ ва дигар мақсадҳо медиҳанд. (қҷт аз 04.11.95, №134; қҷт 20.07.94, №1005; ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Моддаи 10. Муайян намудани заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашаванда

 1.Заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашавандаро мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо роҳи баҳисобгирӣ, инчунин мувофиқи тартиби назорат ва риояи қонунҳои замин, тартибдиҳии нақшаю лоиҳаҳои танзими замин, бурдани кадастри замин ва мониторинги замин муайян менамояд.  (ҚҶТ 03.03.06, №175)

  1. Ҳуҷҷатҳо оиди муайян намудани заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашаванда барои ҳалли масъалаи мусодира ва ба фонди махсуси замин дохил намудани онҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод карда мешаванд. (қҷт аз 04.11.95, №134; ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Моддаи 11.  Гирифтан ва ба фонди махсус дохил намудани замин

 Қитъаҳои заминро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз заминистифодабарандагон ба фонди махсус дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад. (қҷт аз 04.11.95, №134; ҚҶТ 03.03.06, №175)

Барои мусодира намудани қитъаҳои замин ва ба фонди махсус дохил намудани онҳо розигии заминистифодабарандагон  талаб карда намешавад. (ҚҶТ 03.03.06, №175)

Ҳангоми ба қарори мусодираи замин розӣ набудан заминистифодабаранда метавонад ба суд ё ба суди иқтисодӣ шикоят кунад. (ҚҶТ 15.05.97, №421)

То вақти ба заминистифодабарандагони нав супурдани заминҳо онҳоро заминистифодабарандагони собиқ истифода мебаранд. (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Моддаи  12. Шартҳои тақсимкунии фонди махсуси замин

  1. Қитъаҳои замин аз фонди махсус мувофиқи тартиби танзими замин, чун қоида, яклухт ҷудо карда мешаванд.
  2. Қитъаҳои замин аз фонди махсус дар навбати аввал ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодаи кишоварзӣ дода мешаванд. (ҚҶТ 03.03.06, №175)
  3. Шаҳрвандони дар мaҳалҳои дахлдор истиқоматдоштае, ки дорои донишу ихтисоси махсуси кишоварзӣ мебошанд ва дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи кори амалӣ доранд, барои гирифтани қитъаи замин, ҳуқуқи афзалиятнок доранд. (ҚҶТ 03.03.06, №175)

Ба хоҷагиҳои кишоварзии ёрирасони корхонаю иттиҳодияҳо ва муассисаю ташкилотҳои саноатӣ ва дигар корхонаю идтиҳодияҳо ва муассисаю ташкилотҳо қитъаҳои замин дар асоси озмун дода мешаванд.

 

Фасли IV.  Таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ ва ислоҳоти замин. (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Моддаи 13. Шаклҳои хоҷагидорӣ

Таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ новобаста аз тобеияташон бо роҳи ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, ширкати хоҷагидорӣ, кооперативи истеҳсолӣ ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ бо розигии коллективҳои меҳнатӣ гузаронида мешавад. (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Моддаи 14.  Ба расмият даровардани қитъаҳои замин ҳангоми таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ  (ҚҶТ 03.03.06, №175)

  1. Ба хоҷагии деҳқонӣ, ширкати хоҷагидорӣ, кооперативӣ, истеҳсолӣ, дигар намуди хоҷагидорӣ, ки дар ҷараёни таҷдид ташкил меёбанд, қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои таҷдидгардида дода мешаванд. (ҚҶТ 03.03.06, №175)
  2. Андозаи қитъаи замине, ки барои хоҷагии деҳқонӣ, кооперативҳои кишоварзӣ, коллективҳои иҷоравӣ дода мешавад, аз рўи миқдори заминҳои мавҷудаи хоҷагӣ муайян мегардад, ки он ба фонди тақсимшаванда ҷудо карда мешавад. (ҚҶТ 03.03.06, №175)
  3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси лоиҳаи заминсозӣ оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин ба заминистифодабарандагони нав қарор қабул мекунад.

Баъди қабули қарор лоиҳаи заминсозӣ амалӣ мегардад  ва ҳуқуқи истифодаи замин барои заминистифодабаранда ба расмият дароварда мешавад. (қҷт аз 04.11.95, №134; ҚҶТ 03.03.06, №175)

Баъди қабули қарор лоиҳаи танзими замин амалӣ мегардад ва дар бораи ҳуқуқи соҳибии (истифодаи) замин ҳуҷҷатҳои дахлдор тартиб дода мешаванд.

 

 Моддаи 15. Ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии хоҷагиҳои муассисаҳои илмӣ

Ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии пойгоҳҳои кишоварзӣ, нуқтаҳои ёрирасони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва хоҷагиҳои ба онҳо баробар эътирофшуда, хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ, растанипарварӣ ва зотпарварӣ танҳо бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Фасли V. Муқаррар намудани сарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Моддаи 16. Аниқ ва муқаррар намудани ҳудудҳои мaҳалҳои аҳолинишин

Аниқу муқаррар намудан ва ё тағйир додани cарҳади мaҳалҳои аҳолинишин дар мавридҳои зайл сурат мегирад:

набудани cарҳадҳои мaҳали аҳолинишин;

тағйир ёфтани нақшаи генералии мaҳали аҳолинишин;

додани замини иловагӣ барои эҳтиёҷоти мaҳали аҳолинишин.

Барои ҳар як мaҳали аҳолинишин ва воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ cарҳадҳоро тафсир намуда, маводи нақшаю харита тартиб дода мешавад.

Сарҳади маҳалҳои аҳолинишини деҳотро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд. (ҚҶТ 20.07.94, №1005; ҚҶТ 04.11.95, №134; ҚҶТ 03.03.06, №175)

Сарҳадҳои мaҳалҳои аҳолинишин ва воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи тартиби муайяншуда тасдиқ шудаанд, дар асл, бо аломатҳои марзӣ ҷудо карда мешаванд. (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

 Моддаи 17. Додани замин дар маҳалҳои аҳолинишини деҳот

Додани замин ва дигар муносибат дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини деҳот мутобиқи моддаи 8 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (ҚҶТ 04.11.95, №134)

 

Фасли VI. БАРАСМИЯТДАРОРӢ ВА ТАҶДИДИ РАСМИЯТИ ҲУҶЧАТҲОИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАБАРИИ ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Моддаи 18. Тартиби азнавбақайдгирии ҳуҷҷатҳо

1.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар истифодаашон қитъаи замин доранд, дар ҳолати надоштани ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дархост муроҷиат менамоянд.

2.Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дархости воридшударо ба қайд гирифта, барои тайёр намудани пешниҳодот ба мақомоти маҳаллии заминсозӣ мефиристад.

3.Мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд дар муддати як моҳ дархости аз нав барасмиятдарории ҳуҷҷатҳоро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул намоянд.

4.Мақомоти маҳаллии заминсозӣ оид ба муайян намудани ҳудудҳои заминистифодабарӣ бо дарназардошти гирифтани қитъаи замин ба фонди махсус, инчунин тағйир додани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин корҳои заруриро иҷро менамояд ва ҳуҷҷатҳоро (лоиҳаи заминсозиро) барои тасдиқ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод менамояд. Баъди тасдиқи ҳуҷҷатҳо (лоиҳаи заминсозӣ) ва дар маҳал нишон додани сарҳадҳо ба заминистифодабаранда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин дода мешавад.

5.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қитъаи замин доранд, дар сурати доштани ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандаи ҳуқуқи истифодаи замин, барои бақайдгирӣ ба мақомоти маҳаллии заминсозӣ бо дархост муроҷиат менамоянд.

6.Мақоми маҳаллии заминсозӣ дархостро баррасӣ намуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи заминро ба қайд мегирад ва ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин медиҳад.  (ҚҶТ 04.11.95, №134; ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Модаи 19 хориҷ шуд. (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Моддаи 20. Ба расмият даровардани ҳуҷҷати ҳуқуқи истифодаи якумрии меросии замин

  1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ истиқомат мекунанду дар ихтиёри худ замин доранд ва ин замин ба онҳо ба мақсадҳои дар моддаи 12 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда дода шудааст, асноди тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи якумраи мероси замин дода мешавад.
  2. Ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ба замине, ки барои боғдорӣ ва обчакории дастҷамъӣ ҷудо шудааст ва ба қитъаҳои замине, ки мавриди истифодаи инфиродии аъзоёни рафоқат мебошанд, санадҳои давлатии ҳуқуқи соҳибии якумрии меросӣ дода мешавад.
  3. Аъзои рафоқати боғдорӣ ва обчакорӣ ҳуқуқ дорад мувофиқи хоҳиши худ иморату дарахтони ба ў тааллуқдоштаро дар қитъаи замине, ки ба соҳибии якумрии меросӣ дода шудааст, ба шахси дигар фурўшад ё ройгон диҳад. Дар ин маврид розигии рафоқат талаб карда намешавад.

 

Моддаи 21. Нигоҳ доштани ҳуқуқи истифодабарии замин то ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо

То барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои истифодаи замин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии қаблан муайяншуда ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои заминро нигоҳ медоранд. (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

Моддаи 22. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Барои вайрон кардани Қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ 03.03.06, №175)

 

 

       Президенти

     Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                          Р. НАБИЕВ.

5 марти соли 1992, шаҳри Душанбе.

№ 594.

ШАРИКОН: