ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(АМОҶТ с.1996, №23, мод. 340; с.2000, №11, мод.533; мод.552; с.2004, №2, мод.37; мод.53; с.2005, №3; мод.118; №7, мод.408; №12, мод.653; с. 2007, №3, мод.157; мод.162; с.2014, №7,қ.1, мод.395)

 

Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, таъинот, вазифаҳо, ҳайат, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. (қҷт 28.12.05 №141)

 

Моддаи 1. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъиноти он

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад. (қҷт 28.12.05 №141)

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад.

 

Моддаи 2.  Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор;

ҳифзи фазои ҳавоии давлат;

муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ;

ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ; (қҷт 28.12.05 №141)

иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз ўҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд. (қҷт 28.12.05 №141)

Ҷалб кардани қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳо, ки ба таъиноти онҳо  вобастагӣ надоранд, танҳо дар асоси Қонун ё Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амалӣ мегардад.    (қҷт аз 29.11.00 №31)

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (қҷт аз 28.12.05 №141)

 

Моддаи 4. Принципҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Принципҳои ташкил  ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд:

қонуният ва адолати иҷтимоӣ, ҳисоботдиҳӣ ба мақомоти олии ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия;

яккасардорӣ, риояи интизомии ҳарбӣ, таҳияи дастҷамъонаи қарорҳо ва идоракунии мутамарказ;

омодагии доимии ҷангӣ ва сафарбарӣ;

ўҳдадории умумии ҳарбии шаҳрвандон ва ихтиёрӣ ба хизмат даромадан;  (қҷт аз 29.11.00 №19)

нигоҳдории сирри давлатӣ; (қҷт аз 28.02.04 №5) ,(қҷт аз 28.12.05 №141)

таъмини кафолатноки ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо.

 

Моддаи 5. Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд:

қўшунҳои хушкигард;

қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ; (қҷт 05.03.07 №230)

сархати сеюм хориҷ карда шуд; (қҷт 05.03.07 №230)

қўшунҳои зудамал. (қҷт аз 28.02.04 №21)

Ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳо, воҳидҳо ва сохторҳои дигаре, ки фаъолияти онҳо бо таъиноти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амалиёти онҳо алоқаманд нест, дохил шуда наметавонанд.

Дар давраи ҷанг ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фввқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушти иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешаванд.  (қҷт 05.03.07 №225), (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1099)

 

Моддаи 6. Пуррагардонии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пуррагардонии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсӣ ба тартиби ихтиёрӣ, инчунин дар асоси даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (қҷт 29.11.00 №19), (қҷт 28.12.05 №141)

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо ҳайати ғайриҳарбӣ пурра карда мешаванд. Феҳристи вазифаҳое, ки шахсони ғайриҳарбӣ ишғол менамоянд, аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии ҳайати  ғайриҳарбӣ бо фармондиҳии ҳарбӣ вобаста аз вазифаи ишғолкардаашон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат тартиб дода мешаванд. (қҷт 28.12.05 №141)

Ҳайати ғайриҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад иттиҳодияҳои касбӣ ташкил намоянд.

 

Моддаи 7. Роҳбарӣ ва идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарии умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1099)

Роҳбарии бевоситаро ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, ба иҷрои вазифаҳое, ки тавассути қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ўҳдаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузошта шудаанд, масъул мебошад. (қҷт 29.11.00 №31)

Вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ў ва шахсони дигари масъули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳолатҳои истисноӣ шахсони ғайриҳарбӣ ишғол карда метавонанд. (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1099)

Вазифаҳо ва ваколатҳои Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ин Қонун, санадҳои дигари қонунгузорӣ ва меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Барои амалӣ намудани онҳо дар  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсатҳо ва хадамоти дахлдор ташкил карда мешавад. Идоракунии намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ситодҳои дахлдор сурат мегиранд. (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1099)

Барои роҳбарӣ ва идоракунии қўшунҳо, таълими ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 8.Идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми асосии идоракунии амалии қўшунҳо Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки:

-нақшаи истифодабарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои сафарбарӣ ва нақшаи ба таври фаврӣ таҷҳизонидани қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба манфиати мудофиаи мамлакат таҳия менамояд;

-оид ба доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор, ҳайат ва ҷойгиршавии қўшунҳо, таъмини онҳо бо силоҳ ва техникаи ҳарбӣ пешниҳодҳо таҳия мекунад;

-идоракунии амалии қўшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад;

-фаъолияти разведкаро ба манфиати мудофиа ва амният ба роҳ мемонад;

-тайёрии сафарбарӣ ва ҷойгиркунонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд;

-тайёрии зарурии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ медорад;

-омодагии амалии ситодҳо ва қўшунҳоро ташкил менамояд;

-тадқиқоти илмию ҳарбии дорои хусусияти амалии стратегиро ба роҳ мемонад;

-нигоҳдории сирри давлатиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

-дигар ваколатҳоро мутобиқи низомномаи дахлдор иҷро мекунад. (қҷт аз 28.12.05 №141), (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1099)

 

Моддаи 9. Ҷойгиронӣ ва истифодабарии қўшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷойгиронии қўшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи вазифаҳои мудофиа ва имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Нақшаи ҷойгиронии қўшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад ва бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ мегардад. (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1099)

Тағйирдиҳии ҷои қўшунҳо дар ҳудуди қаламраве, ки барои истифодаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи дахлдор сурат мегирад.

Ҷойгиронӣ ва истифодабарии қўшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо ризояти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаи якҷоя) дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. (қҷт 29.11.00 №31)

 

Моддаи 10. Ҳамкорӣ ва амали якҷояи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои дигар ва воҳидҳои дигари ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои дигар дар соҳаи мудофиа, ҳифзи сулҳу амният, инчунин соҳаи сохтмони ҳарбӣ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанд. (қҷт 29.11.00 №31)

Як қисми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ўҳдадории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризояти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаи якҷоя), дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи муттаҳида дохил шуда ё таҳти фармондеҳии муттаҳида қарор гирифта метавонад. (қҷт 29.11.00 №31)

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бо дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоянд.

 

Моддаи 11. Фаъолияти хоҷагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурате бо фаъолияти ҳоҷагӣ машғул шуда метавонанд, ки он ба тайёрии ҳарбӣ ва қобилияти  ҷангиашон таъсир нарасонад.

Тартиби амалӣ намудани фаъолияти ҳоҷагӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 12. Маҳдуд намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои дигар дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмонҳои ҷамъиятие, ки вазифаи ҳимояи ҷамъиятӣ, тарбияи ҳайати шахсиро доранд ва шахсони юридикӣ нестанд, ташкил ёфта метавонанд.

Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани сохторҳои ташкилӣ ва фаъолияти ҳизбҳо, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ доранд, инчунин таблиғи идеологияи онҳо  манъ аст. (қҷт 29.11.00 №31)

Истифодаи мансабҳои штатӣ ва воситаҳои молии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили сохторҳо ва фаъолияти ҳар гуна созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои дигар ғайр аз онҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, манъ аст. Бурдани ҳамагуна таблиғоти сиёсӣ дар ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

 

Моддаи 13. Таъмини қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назорат ба қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ҳарбии тобеи ў сурат мегирад.

Ҳимояи ҳуқуқи ҳизматчиёни ҳарбӣ, баррасии парвандаҳои ҷиноӣ ва гражданӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи судҳои ҳарбӣ амалӣ мегардад.

 

Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 26.07.2014, №1099)

 

 

Президенти

Ҷумҳури Тоҷикистон                                                                          Э. Раҳмонов

ш. Душанбе, 13 декабри соли 1996,

№ 316

ШАРИКОН: