Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»

(АМОҶТ с. 2010, №12, мод.811; с.2013,№3, мод.192)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро бо мақсади пешгирии бемориҳо ва ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— маҳсулоти тамоку— маҳсулотест барои кашидан, хоидан ё бўй кардан, ки дар зарфи истеъмолӣ ва ё дар бастаҳои махсус ҷойгир карда шудааст, аз ҷумла сигаретаи бо дудполо (бо филтр), сигаретаи бе дудполо (бе филтр), папиросҳо, сигараҳо, чилимтамоку, нос;

— кашидани тамоку — нафаскашии дуди маҳсулоти сўзандаи тамоку, хоидан ё бўй кардани он, кашидани нос;

— никотин – моддаи заҳрноке, ки дар таркиби тамоку мебошад;

— қатрон — маҳсулоти заҳрноки сўзандаи тамоку, ки ҳангоми сўхтани он ҳосил шуда, боиси пайдошавии беморӣ мегардад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурўши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку

Фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурўши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад. (қҷт. 19.03.2013, №949)

 

Моддаи 4. Танзими фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурўши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку

  1. Истеҳсол, воридот, содирот, фурўши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуе, ки дар таркиби он никотин ва қатрон аз меъёрҳои гигиении тасдиқнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ зиёд мебошанд, манъ аст. Нишондиҳандаҳои таркибии моддаҳои зараровар аз меъёрҳои зерин зиёд буда наметавонанд:

— барои сигаретаҳои бо дудполо (бо филтр) — дар таркиби дуди онҳо 14 миллиграмм қатрон ва 1,2 миллиграмм никотин ба як сигарета;

— барои сигаретаҳои бе дудполо (бе филтр) – дар таркиби онҳо 16 миллиграмм қатрон ва  1,3 миллиграмм никотин ба як сигарета.

  1. Бастаи маҳсулоти тамоку (барои сигаретаҳо) бояд дорои навиштаҷоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку ва навиштаҷоти иттилоотӣ оид ба меъёри қатрон ва никотин дар он бошад.
  2. Навиштаҷоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку дар бастаи маҳсулоти он тибқи талаботи Регламенти техникӣ ҷой дода мешавад.
  3. Истеҳсолкунандаи маҳсулоти тамоку бояд аз номгўи тасдиқнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ чор намуди навиштаҷоти иловагиро оид ба зарари кашидани тамоку интихоб намояд. Намудҳои интихобгардидаи навиштаҷоти иловагӣ оид ба зарари кашидани тамоку бояд дар тарафҳои паҳлўии бастаҳои маҳсулоти тамоку ҷойгир карда шаванд.
  4. Дар яке аз тарафҳои паҳлўии бастаи сигаретаҳо мутобиқи стандартҳои давлатӣ бояд навиштаҷоти иттилоотӣ оид ба мавҷуд будани никотин ва қатрон дар таркиби онҳо низ ҷойгир карда шавад. Навиштаҷоти мазкур бояд на кам аз чор фоизи масоҳати тарафи паҳлўии бастаи маҳсулоти тамокуро ишғол намояд.
  5. Ба навиштаҷот дар бастаи маҳсулоти тамоку талаботи зерин пешниҳод карда мешавад:

— навиштаҷот бояд дақиқ ва хоно бошад;

— навиштаҷот бояд тавре ҷойгир шуда бошад, ки ҳангоми кушодани бастаи маҳсулоти тамоку матни он пурра боқӣ монад;

— навиштаҷот бояд дар қисми берунии баста ба таври аён чоп ва баста бо пардаи шаффоф борпеч карда шавад.

 

Моддаи 5. Манъи фурўши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку

  1. Фурўши сигарета, сигара, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва назди муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, динӣ, варзишӣ ва таълимӣ, инчунин дар масофаи на камтар аз сад метр аз сарҳади ҳудуди муассисаҳои таълимӣ манъ аст.
  2. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўши маҳсулоти тамоку ба ноболиғон манъ аст.
  3. Фурўши сигарета, сигара, папирос ва ё дигар маҳсулоти тамоку бо истифода аз таҷҳизоти автоматӣ манъ аст.
  4. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шудани ноболиғон ба фурўши маҳсулоти тамоку манъ аст.
  5. Тартиби фурўши маҳсулоти тамоку тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (қҷт. 19.03.2013, №949)

 

Моддаи 6. Рекламаи тамоку ва маҳсулоти тамоку

Рекламаи тамоку ва маҳсулоти тамоку мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба танзим дароварда мешавад.

 

Моддаи 7. Манъи кашидани тамоку дар дохили биноҳои маъмурӣ

  1. Кашидани тамоку дар дохили биноҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, динӣ, варзишӣ, таълимӣ, истироҳатгоҳҳо,  толорҳое,  ки  дар онҳо  чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва  истироҳатию фароғатӣ гузаронида мешаванд, толорҳои фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ, инчунин дар дохили  нақлиёти  ҷамъиятӣ, ба истиснои ҷойҳои махсуси барои он ҷудокардашуда, манъ аст.
  2. Корфармо ё маъмурияти ин ташкилотҳо ўҳдадоранд барои кашидани тамоку ҷойҳои махсус муайян намоянд.

 

Моддаи 8. Тарғибу ташвиқ  оид ба зарари кашидани тамоку

  1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, дин, варзиш ва маориф ўҳдадоранд, тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам тарғибу ташвиқотро оид ба зарари кашидани маҳсулоти тамоку амалӣ намоянд.
  2. Бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти Қонуни мазкур дар барномаҳои  таълимӣ оид ба таъсири манфии истифодаи тамоку ба саломатии инсон бояд мавзўъҳои дахлдор пешбинӣ карда шаванд.

 

 

 

Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ  Раҳмон

 

ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010

№ 649

ШАРИКОН: