АҲМАДЗОДА Раҷаббой

АҲМАДЗОДА  Раҷаббой

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 16 сентябри соли 1971
Ҷойи таваллуд:  шаҳри Хуҷанд
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ

Соли 1993 Донишгоҳи химия-технологияи Ҷумҳурии Қазоқистон (рӯзона), соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро (ғоибона) хатм кардааст.
Ихтисос: муҳандис-технолог, иқтисодчӣ
Донандаи забони русӣ мебошад.
Вакили Маҷлиси вакилони  халқи вилояти Суғд
Бо Медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2011, №1133 ва Ордени Шараф дараҷаи 1  соли 2017, №907 сарафароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 1993-1994 — муҳандис-технологи сехи шишабарории заводи «Лаъл»;
  • Солҳои 1994-1995 — муовини сардори заводи «Сангбурӣ»;
  • Солҳои 1995-1998 — сардори идораи робитаҳои иқтисоди берунии ҷамъияти саҳҳомии «Ленинободпромстройматериал»;
  • Солҳои 1998-2000 — муовини директори генералии ҷамъияти саҳҳомии  «Ленинободпромстройматериал»;
  • Солҳои 2000-2005 — директори генералии ҷамъияти саҳҳомии «Ленинободпромстройматериал»;
  • Солҳои 2005-2007 — раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд;
  • Солҳои 2007-2009 — директори генералии корхонаи воҳиди давлатии «Садаф»;
  • Солҳои 2009-2011 — раиси шаҳри Гулистон (Қайроққум);
  • Солҳои 2011-2012 — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд;
  • Солҳои 2012-2016 — раиси шаҳри Хуҷанд;
  • Солҳои 28.03.2015-05.05.2016 — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи Мм МО ҶТ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология;
  • Солҳои 2016-2018 — раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 01-03 соли 2018 — иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд;
  • Аз 7 марти соли 2018 то инҷониб Раиси вилояти Суғд мебошад.
  • Аз 27 июли соли 2018, №21 — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
ШАРИКОН: